ДОВАРИ ФУТБОЛИ ТОҶИК АЗ ИМТИҲОН НАГУЗАШТ
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 24 январ гурӯҳи нахустини доварони футболи мамлакатҳои Осиё дар доираи семинари маърифатии доварони байналмилалӣ аз фанни тарбияи ҷисмонӣ имтиҳон супориданд. Аз 38 нафар иштирокчиёни семинар 5 нафар имтиҳон супорида натавонистанд. Дар байни онҳо довари тоҷик Рустам Холов низ ҳаст. Се нафар иштирокчии семинар — доварон Бен Уилсон аз Австралия, Субҳиддин Солеҳ аз Малайзия ва Валентин Коваленко аз Ӯзбекистон имтиҳонро бомуваффақият супориданд. Онҳо охири моҳи январ дар мусобиқаи байналхалқии футболи дастаҳои Лигаи қаҳрамонони Конфедератсияи футболи Осиё ширкат хоҳанд варзид. Гурӯҳи дигари доварон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ — Дмитрий Машенсев аз Қирғизистон, Рустам Холов аз Тоҷикистон, Какабой Саидов аз Туркманистон ва Владислав Сейлин аз Ӯзбекистон ба гурӯҳи дуюм дохил карда шуданд. Онҳо рӯзи панҷшанбе ба пойтахти Малайзия — Куала – Лумпур мераванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






