ДУШАНБЕ — ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ

Январь 19, 2010 16:40

                    Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Тахмина Ғоибназарова). — Тавре хабар дода шуда буд, моҳи июни соли 2009 дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи Созмони исломии илму фарҳанг ва маориф шаҳри Душанбе дар соли 2010 пойтахти фарҳанги исломии эълон гардида буд. Қарори мазкур вобаста ба гузаронидани силсилаи тадбирҳои муҳим дар Тоҷикистон бахшида ба мавзӯъҳои муҳимтарини исломӣ қабул карда шуд.                      Дар робита бо қарори мазкур дар пойтахти мамлакат тайёрӣ ба гузаронидани силсилаи ҷамъомадҳои минтақавию байналхалқӣ оғоз ёфт.                     Мувофиқи нақшаи тадбирҳои тасдиқнамудаи ҳукумати мамлакат, соли равон гузаронидани силсилаи семинарҳо ва конфронсҳо, нашри китобҳо дар мавзӯъҳои динӣ, тармими ёдгориҳои исломӣ, аз ҷумла масҷиди деҳаи Дардар дар ноҳияи Айнӣ, қалъаи Ҳулбук ва ғайра, ташкили озмунҳои қориёни Қуръон ва хаттотон, ташкили намоиши асарҳои динӣ ва гузаронидани рӯзҳои мусиқии классикӣ пешбинӣ карда мешаванд.                       Ғайр аз ин Созмони исломии илму маориф ва фарҳанг нақшаи тадбирҳои худро пешниҳод намудааст. Мувофиқи он, дар Тоҷикистон ба шарафи олимони ҷаҳони ислом конфронсҳои ҷумҳуриявии илмӣ, семинари илмӣ дар мавзӯи «Рушди фарҳанги туризм», семинари минтақавӣ дар мавзӯи ташкили маросими Ҳаҷ дар Осиё, озмуни маҳсули дастони устоҳои халқии беҳтарин бахшида ба пойтахти фарҳанги исломӣ гузаронида хоҳанд шуд.                       Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба муносибати 1200 – солагии рӯзи таваллуди олими машҳури дини ислом Абӯабдулло Муҳаммад ибни Исмоил Албухорӣ — муаллифи китоби машҳури «Алҷомеъ вассаҳеҳ» конфронси ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Китоби мазкур дар ҷаҳони ислом баъди Қуръон китоби дуюми муқаддас ба шумор меравад.                         Охири моҳи январ олимони тоҷик дар конфронси ҷумҳуриявии — «Тоҷикон ва фарҳанги исломӣ» ширкат хоҳанд варзид.

Январь 19, 2010 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид