ДУШАНБЕГИҲО ДАР ЧАНД СОМОНӢ САҲМИЯ ХАРИДАНД?
Душанбе, 8 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Душанбегиҳо дар Рӯзи ҳамрайъии сокинони пойтахт дар бунёди НБО-и «Роғун»”, ки 6 январи соли 2010 таҷлил шуд, ба маблағи беш аз 80 миллион сомонӣ саҳмияҳои Ҷамъияти саҳомии НБО «Роғун»-ро харидорӣ карданд. Аз хадамоти матбуоти Раиси шаҳр ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин рақам бо дарназардошти дақиқ намудани суратҳисобҳои бонкӣ пайваста дар афзоиш буда, имрӯзҳо саҳмгузории сокинони пойтахт дар ин маъракаи муҳими давлатӣ тибқи нақшаи шаҳрдорӣ ба таври муташаккилона идома дорад. Бояд зикр кард, ки 6 январ дар чор маҳали шаҳр -ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ – Маркази равобити пойтахт, Фирдавсӣ — бинои Сирки давлатӣ, Шоҳмансур – Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ва Сино – Қасри Филармонияи давлатӣ ба таври оммавӣ нуқтаҳои фурӯши саҳмияҳои ин иншооти муҳими аср ташкил гардида буд ва дар он беш аз 30 ҳазор оилаҳои шаҳри Душанбе ширкат намуда, саҳмияҳо дастрас карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






