ФАЛОКАТИ ҲАВОПАЙМОИ МУСОФИРБАР

Январь 26, 2010 10:20

                Бейрут, 26 январ. (АМИТ «Ховар» — РБК.ру). — Ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавонавардии мулкии Ҳабашистон Боинг – 737, ки субҳи дирӯз аз шаҳри Бейрут ба шаҳри Аддис – Абеба парвоз карда буд, баъди чанд дақиқаи парвоз ба фалокат дучор гардида, ба баҳр афтод. Дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯ дар наздикии соҳилҳои Лубнон 23 ҷасад ёфт шуд. Вазъи ҳавои маҳалли фалокат ниҳоят номусоид мебошад, бо вуҷуди ин амалиёти ҷустуҷӯ давом дода мешавад. Наҷотдиҳандагон шикастапораҳои ҳавопайморо дар наздикии соҳилҳо дарёфт намуданд. Ба қавли шоҳидон, ҳавопаймо дар ҳаво оташ гирифта, баъд ба баҳр афтодааст.                 Имрӯз дар Лубнон барои поси хотири одамони дар натиҷаи ин фалокат ҳалокгардида рӯзи мотам эълон карда шуд.                    Ҳавопаймо 83 мусофир ва 7 сарнишин дошт. Дар байни мусофирони он 54 шаҳрванди Лубнон, 22 шаҳрванди Ҳабашистон, 2 шаҳрванди Британияи Кабир, инчунин шаҳрвандони Канада, Русия, Фаронса, Ироқ ва Сурия буданд.

Январь 26, 2010 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд