ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ»
Душанбе, 21 январ (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Дар соли сипаришудаи 2009 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» (КВД «ТАН») ба сифати шахси ҳуқуқии мустақил ба фаъолият шурӯъ намуда, ба татбиқи вазифаҳои стратегии худ дар роҳи ташкили аэронавигатсияи кишвар, ки аз таъмини идораи ҳаракати ҳавопаймоҳои дар фазову фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ, новобаста ба тобеъияти сохториашон, иборат аст, оғоз намуд, чунин кайд кард имрӯз дар нишасти матбуотӣ директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Мақсудов. Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ба расмият филиалҳои муассисаи мазкур дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа эътироф гардида, ба фаъолияти пурсамар шурӯъ карда, мутахассисони Идораи ҳаракати ҳавоӣ ба иҷрои вазоифи бевоситаи худ дар фурӯдгоҳҳои хатсайрҳои маҳаллӣ сафарбар карда шуданд. Баҳри пешбурди кор, сарфаи вақт ва афзудани сифатнокии фаъолият ба тамоми сохторҳои муассиса таҷҳизоти кории замонавӣ харидорӣ карда шуда, оид ба ташкил намудани шабакаи ягонаи коммутатсионии, ҷумҳуриявӣ корҳои марбут ба сомон расонида шуда истодааст. Бо мақсади ба тартиб даровардан ва ба қонунхои ҷории давлат мутобиқ кардани фаъолияти муассиса роҳбарияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оид ба пешкаш намудани хизматҳои азронавигатсионӣ бо беш аз 20 авиакомпанияхое, ки дар фазои Тоҷикистон доиман амал мекунанд ва аз фурӯдгоҳҳои кишвар истифода менамоянд шартномаҳои марбут ва бо фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон шартномаҳои хоҷагидорӣ таҳия гардонида, ба тасвиб расонид, — гуфт дар хотима А.Максудов.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






