ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАРИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ»

Январь 21, 2010 17:57

                   Душанбе, 21 январ (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). – Дар соли сипаришудаи 2009 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» (КВД «ТАН») ба сифати шахси ҳуқуқии мустақил ба фаъолият шурӯъ намуда, ба татбиқи вазифаҳои стратегии худ дар роҳи ташкили аэронавигатсияи кишвар, ки аз таъмини идораи ҳаракати ҳавопаймоҳои дар фазову фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ, новобаста ба тобеъияти сохториашон, иборат аст, оғоз намуд, чунин кайд кард имрӯз дар нишасти матбуотӣ директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Анвар Мақсудов.                     Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки ба расмият филиалҳои муассисаи мазкур дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа эътироф гардида, ба фаъолияти пурсамар шурӯъ карда, мутахассисони Идораи ҳаракати ҳавоӣ ба иҷрои вазоифи бевоситаи худ дар фурӯдгоҳҳои хатсайрҳои маҳаллӣ сафарбар карда шуданд.                        Баҳри пешбурди кор, сарфаи вақт ва афзудани сифатнокии фаъолият ба тамоми сохторҳои муассиса таҷҳизоти кории замонавӣ харидорӣ карда шуда, оид ба ташкил намудани шабакаи ягонаи коммутатсионии, ҷумҳуриявӣ корҳои марбут ба сомон расонида шуда истодааст.                        Бо мақсади ба тартиб даровардан ва ба қонунхои ҷории давлат мутобиқ кардани фаъолияти муассиса роҳбарияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» оид ба пешкаш намудани хизматҳои азронавигатсионӣ бо беш аз 20 авиакомпанияхое, ки дар фазои Тоҷикистон доиман амал мекунанд ва аз фурӯдгоҳҳои кишвар истифода менамоянд шартномаҳои марбут ва бо фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон шартномаҳои хоҷагидорӣ таҳия гардонида, ба тасвиб расонид, — гуфт дар хотима А.Максудов. 

Январь 21, 2010 17:57

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид