ФУРӮШИ ОММАВИИ САҲМИЯҲОИ НБО «РОҒУН» ОҒОЗ ЁФТ

Январь 6, 2010 10:08

                  Душанбе, 6 январ (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов) — Тавре корманди Хадамоти матбуот ва рекламаи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Одинашоҳ Муродов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, субҳи имрӯз дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби муассисаҳои бонки мазкур 580 нуқтаи фурӯши саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои хизматрасонӣ ба сокинони мамлакат ба кор шурӯъ кард.                  Ҳамчунин, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чор ноҳияи пойтахт барои фурӯши оммавии саҳмияҳо нуқтаҳои иловагии хизматрасонӣ кушода шудаанд. Ин нуқтаҳо дар бинои Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ), бинои Филармонияи давлатӣ (ноҳияи Сино), Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ (ноҳияи Шоҳмансур), Маркази равобити пойтахт  (ноҳияи И.Сомонӣ) фаъолият карда, аллакай садҳо сокинон аз ин нуқтаҳо саҳмияҳоро харидорӣ карданд.                    Фурӯши оммавии саҳмияҳои НБО «Роғун» то соати 20 рӯзи 6 январ идома меёбад.

Январь 6, 2010 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд