ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶИНОӢ БАРҲАМ ДОДА ШУД

Январь 25, 2010 09:29

                  Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Кормандони Раёсати зудамали Агентии назорати маводи нашъадори ҷумҳурӣ моҳи январи соли равон дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ, ки бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошад, гурӯҳи калони муташаккили байналмилалии ҷинояткорро барҳам доданд. Аъзои гурӯҳ муддати тӯлонӣ ба қочоқи маводи нашъадор машғул буданд. Онҳо маводи нашъадорро аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварда ва аз ин ҷо ба Федератсияи Русия интиқол медоданд.                  22 январ дар натиҷаи амалиёти махсус сардори гурӯҳи ҷинояткор – шаҳрванди 31 – солаи Афғонистон дастгир карда шуд. Аз ӯ дар ҷараёни амалиёт бештар аз 43 килограмм маводи нашъадор, аз ҷумла хашиш ва канабис мусодира карда шуд.                     Сардори гурӯҳи ҷинояткор айни ҳол дар ҳабсхонаи муваққатӣ нигоҳ дошта мешавад. 

Январь 25, 2010 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд