ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ОМӮЗИШИИ САНГТАРОШӢ

Январь 16, 2010 12:33

                 Душанбе, 16 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-15 январ дар шаҳри Душанбе Маркази омӯзиши сангтарошӣ дари худро ба рӯи ҷавонони оилаҳои ниёзманд боз намуд. Дар маросими ифтитоҳи Марказ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст ва Сарпарасти кулли Кумитаи имдоди имом Хумайни ҶИЭ Ҳусайн Анворӣ иштирок намуданд.                Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки ифтитоҳи маркази омӯзиши ҳунари сангтарошӣ барои фарзандони хонаводаҳои ниёзманди тоҷик имкон медиҳад, ки ҳунари қадимаи аҷдодиашонро эҳё ва аз бар намуда, бо офаридани маҳсулоти сангӣ шароити рӯзгори худро беҳтар созанд.                 Сафири Эрондар Тоҷикистон А. Шеърдӯст ифтитоҳи ин Марказро шаҳодати тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон арзёбӣ кард. Мавсуф гуфт, ки Тоҷикистон сарзамини кӯҳистон буда, дорои сарватҳои бои зеризаминӣ аст. Таъсиси чунин Марказҳо ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, бо ҷои кор таъмин намудани ҷавонон мусоидат менамояд. Маркази мазкур дар асоси қарордоди байни намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Эрон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, муддати 10 сол фаъолият менамояд ва баъдан тамдид карда мешавад. Он аз се коргоҳ- коргоҳи назариявӣ ва ду коргоҳи амалӣ иборат буда, дар як давраи он 20 ҷавон дар муддати се моҳ бо кӯмаки устодон нозукиҳои ҳунари сангтароширо аз бар менамоянд.                  Устодони омӯзишгоҳи сангтарошӣ ва тамоми дастгоҳҳои сангтарошӣ аз Эрон оварда шудааст. Маҳсулот –сангҳо бошад аз дохили Тоҷикистон дастрас карда шудаанд.                   Дар ояндаи наздик ифтитоҳи чунин омӯзишгоҳ дар дигар минтақҳои Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.                    Ҳамзамон, Сарпарасти кулли Кумитаи имдоди Хумайнӣ Ҳусайн Анворӣ дар маросими ифтитоҳи ин Марказ гуфт, ки Кумитаи мазкур ният дорад, дар оянда дар Тоҷикистон марказҳои омӯзиши ҳунари қолинбофиро, ки Эрон таҷрибаи калон дорад, кушояд.

Январь 16, 2010 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд