ИСТИФОДАИ АМАЛИИ МАБЛАҒИ ЛОИҲАИ «РУШДИ ДЕҲОТ»
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби қарз ва грантҳои «Бонки Осиёгии Рушд» ва манбаъҳои дигари сармоягузорӣ, лоиҳаи «Рушди деҳот» таҳия карда шудааст, -иброз дошт дар нишасти матбуотӣ директории Муассисаи давлатии маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» Усмон Сабзов, ки ба ҷамъбасти фаъолияти солонаи кормандони муассисаи мазкур бахшида шуда буд. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур рушди соҳибкорӣ дар деҳот, бахусус, дар бахшхои боғдорӣ, чорводорӣ, барқарор ва азнавсозии системаи обёрӣ ва инфраструктураи деҳот мебошад. Мақсади дигари таҳия намудани лоиҳа, ҷалби занони хонанишин ба корҳои лоиҳавӣ ва дар маҳалҳо ба шуғли меҳнати босамар фаро гирифтани аҳолии деҳот мебошад. Маблағи умумии лоиҳаи «Рушди деҳот» 23,3 млн. доллари амрикоӣ буда, он баробари 102,5 млн. сомонӣ мебошад. Дар соли 2009 аз ҳаҷми умумии маблағи барои лоиҳаи «Рушди деҳот» ҷудошуда, 5 млн. 740 ҳазору 60 сомонӣ аз худ карда шуд, ки 116 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Лоиҳа дар 42 деҳоти 5 шаҳру ноҳияҳои пилотии ҷумҳурӣ амалӣ гардонида мешавад, ки 719 ҳазор нафар одамонро дар доираи 6 ҳазору 958 оила мутаҳид карда, дорои 400 ҳазор гектар замин мебошанд. Дар нишасти матбуотӣ директори муассисаи мазкур аз дастгирии молиявии муроҷиатномаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» сухан ронда иброз дошт, ки даъват ба дастгирии сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» даъват ба ҳаёт ва мамоти кишвар аст, ки касро дар канор гузошта наметавонад. Ин аст ки кормандони муассисаи давлатии маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» то оғози соли 2010 ба андозаи 48 ҳазор сомонӣ ҳамчун хайрия ба сарҳисоби сохтмони нерӯгоҳ гузарониданд. Дар маъракаи хариди саҳмияҳои ин нерӯгоҳ яке аз аввалинҳо шуда, ҳар як корманди муассиса барои худ ва аъзоёни аҳли оилааш ба андозаи 5 ҳазору 100 сомонӣ саҳмия харидорӣ намуд. Роҳбари муассиса Усмон Сабзов бошад, барои худ ва аҳли оилааш ба миқдори 51 ҳазор сомонӣ саҳмия харидорӣ намуда, як будани қавлу амалро дар кори худ собит кард. Дар зарфи як соати нишасти матбуотӣ хабарнигорон ба 15 саволи пешкаш кардаи худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Конфронс дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ ҷамъбаст гардид.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






