ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ ЕВРАЗИЯ БА МАМЛАКАТҲОИ КАМБИЗОАТ ҚАРЗ МЕДИҲАД

Январь 23, 2010 11:47

                 Маскав, 23 январ. (АМИТ «Ховар» — финмаркет.ру). — Шӯрои фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия тартиби додани қарзро ба мамлакатҳои камбағал ва қафомонда тасдиқ намуд. Дар ин бора муовини Сарвазир ва вазири молияи Русия Алексей Кудрин хабар дод. Ба қавли ӯ, чунин мамлакатҳо метавонанд аз Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия қарзи дарозмуддат гиранд. Қарзҳои мазкур барои 20 сол дода, аз онҳо дар давоми сол аз 1 то 3 фоиз фоида гирифта мешавад.                    Маблағи қарз вобаста ба ҳаҷми Маҳсулоти умумии дохилии мамлакатҳо муқаррар карда мешавад. А.Кудрин афзуд, ки Русия ва Қазоқистон имсол аз фонди мазкур қарз намегиранд.                   Вай қайд кард, ки Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон барои гирифтани қарз аз фонди мазкур ариза додаанд. Мамлакатҳои дигар алҳол дар бораи гирифтани қарз хабар надодаанд.                   Фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Евразия моҳи июни соли 2009 бо қарори сарони ҳукуматҳои Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Арманистон таъсис ёфта буд. Маблағи дороии он 10 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Январь 23, 2010 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд