«ИТТИҲОДИ НАШРИЯҲОИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН»

Январь 12, 2010 10:39

                  Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — 11 январ дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон се нашрияи мустақили кишвар, ҳафтаномаҳои «Нигоҳ», «Фараж» ва «СССР бо бастани як аҳднома «Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон»-ро таъсис доданд.                   Мақсад аз таъсиси ин иттиҳод таъмини рушди устувори ҳар кадоме аз нашрияҳо, тақвияти амалии ҳамгиройи журналистӣ, таъмини сиёсати ягонаи ҳифз аз манофеи миллӣ дар фазои иттилоотӣ, дифоъ аз манофеи тарҳи НБО-и «Роғун» арзёбӣ гардид.                    Муассисони Иттиҳод тасмим доранд як қатор чорабиниҳои ба манфиати умум равонашударо амалӣ намоянд, ки муҳимтарини онҳо таъсиси Бунгоҳи хабарии ягона дар шаҳри Роғун, таъсиси Маркази мониторинги фазои иттилоотӣ, нашри китоби «Хроникаи сохтмони Роғун», таъсиси саҳифа ва гӯшаҳои доимӣ бахшида ба тарҳи миллии Роғун дар ҳар як нашрия мебошад.                    Мақоми олии Иттиҳоди нав Шӯрои ҳамоҳангсоз мебошад, ки ба он сармуҳаррирон ва ноширони ин нашрияҳо шомиланд. Барои соли аввал Раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз Саймиддин Дӯстов интихоб шудааст.                     Ҳамчунин Иттиҳод як гурӯҳи ташаббускорро бо роҳбарии Хуршед Ниёзов — сардабири нашрияи «Фараж» барои таъсиси Маҳфили сармуҳаррирон созмон дод.                    Ба «Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон» нашрияҳои дигари Тоҷикистон новобаста аз шакли ҳуқуқӣ ва сиёсати редаксионӣ шомил шуда метавонанд.

Январь 12, 2010 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд