КӢ БА КАДОМ ВАЗИФА ТАЪИН ШУД?

Январь 27, 2010 15:44

                  Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 27 январ бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодибек Раҷабов сардори раёсати хидмати давлатии «Муҳофиза» — и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъин гардид. Ш.Раҷабов қабл аз ин сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон буд.                      Ш.Раҷабов дар ин вазифа полковники милиса Лолахон Раҳмоновро иваз кард. Л.Раҳмонов бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2010 директори Агентии таъминоти моликияти махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таъин карда шуд.                      Бо фармони дигари вазири корҳои дохилӣ полковник Фотеҳ Қунғуротов сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид. Вай дар ин вазифа полковник Маҳмудулло Насруллоевро иваз намуд, ки айни ҳол дар ихтиёри Раёсати кадрҳои ВКД ҷумҳурӣ мебошад.

Январь 27, 2010 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд