КӢ БА КАДОМ ВАЗИФА ТАЪИН ШУД?
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — 27 январ бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодибек Раҷабов сардори раёсати хидмати давлатии «Муҳофиза» — и Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъин гардид. Ш.Раҷабов қабл аз ин сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон буд. Ш.Раҷабов дар ин вазифа полковники милиса Лолахон Раҳмоновро иваз кард. Л.Раҳмонов бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2010 директори Агентии таъминоти моликияти махсуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таъин карда шуд. Бо фармони дигари вазири корҳои дохилӣ полковник Фотеҳ Қунғуротов сардори Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин гардид. Вай дар ин вазифа полковник Маҳмудулло Насруллоевро иваз намуд, ки айни ҳол дар ихтиёри Раёсати кадрҳои ВКД ҷумҳурӣ мебошад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






