КӮМАК БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ ВА МӮҲТОҶОН
Файзобод, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – «Дар Шӯъбаи ҳифзи иҷтимои аҳолии ноҳияи Файзобод 4953 нафар нафақахӯр ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 51 нафарашон иштирокчиёни ҶБВ мебошанд», — иттилоъ дод ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Шӯъбаи мазкур Давлат Саидов. Дар соли 2009 бо дастгирии раиси ноҳия Абдулло Ҳакимов ба иштирокчиёни ҶБВ, ҷанговарони интернатсионалист, бартарафкунандагони оқибатҳои садамаи Чернобил ва маъюбони гурӯҳи 1-2 ба андозаи 70 сомонӣ кӯмаки яквақта расонида шуд. Ҳамчунин, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба 14 нафар иштирокчиёни ҶБВ барои истироҳат ба осоишгоҳҳои Харангон, Шоҳамбарӣ, Зумрад, Хоҷа — Обигарм, Ромит роҳхат дода шуд. 12 нафар маъюбон бо аробача ва 14 нафар бо асобағал таъмин карда шуданд. Умуман, дар соли 2009 аз тарафи ҳукумати ноҳияи Файзобод ба 136 нафар маъюбон ба маблағи 28100 сомонӣ кӯмак расонида шудааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






