КӮМАК БА ЗАРАРДИДАГОН
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Филилали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба аҳолии аз зилзила зарардида кӯмаки моддӣ расонд. Ба зарардидагон, аз ҷумла, 156 дона кӯрпа, 9 хайма, 190 кампал, 30 примус, 112 сатил, 47 хаймаи зимистона, 375 адад болишт, 73 плитаи газӣ, 150 халта либос, 25 халта пойафзол, 73 зарфи нигаҳдории об ва 60 бухорӣ тақсим карда шуд. Бояд гуфт, ки рӯзҳои наздик кӯмаки навбатӣ ба аҳолии ноҳияи Ванҷ расонида хоҳад шуд. Муншии умумии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари ҷумҳурӣ Зафар Муҳаббатов зикр кард, ки рӯзҳои наздик аз Туркия ва Эрон ба зарардидагон кӯмаки хайрия расонида хоҳад шуд. Туркия бо ин мақсад аллакай 5000 доллари ИМА ҷудо кардааст. Муовини директори Пажӯҳишгоҳи иншооти зилзилабардор ва зилзилашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон Фаршед Каримов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки сабаби асосии хароб гардидани теъдоди зиёди биноҳо риоя накардани қоидаҳои сохтмони онҳо мебошад. Масалан, зимни сохтани бино сангро бевосита дар болои таҳкурсии гилӣ гузошта, барои мустаҳкам кардани он аз арматура истифода набурдаанд. Ё дар минтақаи қӯҳистон бисёр хонаҳо бетаҳкурсӣ сохта шудаанд. Ин камбудиҳо ҳатто дар сурати 5 – 6 балл ҷунбидани замин сабаби вайрон шудани иморатҳо мегардад, гуфт Ф.Каримов. Айни ҳол дар ноҳияи Ванҷ гурӯҳи кормандони Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносӣ кор мекунанд. Онҳо ҷунбиши заминро ҳар рӯз ба кайд мегиранд. Хабар дода шуд, ки дар ноҳияи Ванҷ замин 6 январ бо қувваи 3 – 4 балл ҷунбид.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






