КӮМАКИ ЭРОН БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВАНҶ

Январь 28, 2010 17:15

                   Душанбе, 28 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалинҳо шуда ба зарардидагони заминларзаи ноҳияи Ванҷ кӯмаки башардӯстона фиристод. Ин кӯмакҳо асосан аз маводи ғизоӣ -биринҷ, шакар, равған, консерваи моҳӣ, хайма, болопӯшҳо, зарфҳои рӯзгор, чароғ ва ғайраҳо иборат аст.                      Дар робита ба фиристонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ноҳияи Ванҷ дар Сафорати Эрон дар Душанбе бо ҳузури Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғар Шеърдӯст, сардори раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ва масъулини Агентии давлатии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир шуд.                       Сафири Эрон дар Тоҷикистон А. Шеърдуст доир ба тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон сухан карда гуфт, ки ин ду кишвари дӯсту бародар, ки бо якдигар шарики стратегӣ ва дорои муштаракоти фарҳангӣ ҳастанд дар арсаҳои иқтисодӣ ҳамкориҳои худро тақвият медиҳанд. Ин аст, ки Эрон ба ҳайси кишвари дӯст, яке аз аввалинҳо шуда дасти кӯмакро ба мардуми аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷ дароз кард. Кӯмакҳо ба зарардидагон дар ду давра – давраи аввали он иборат аз 10 тонна маводи хӯрока ба маблағи 50 ҳазор доллар ва марҳилаи дуюми кӯмак 22 ҳазор тонна маводи ғизоӣ ба маблағи 70 ҳазор доллар ба осебдидагон тавассути идораҳои марбутаи Тоҷикистон расонида мешавад. Дипломати эронӣ афзуд, ки ин кӯмакҳо бо мақсади фаврият тавассути роҳи ҳавоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон интиқол дода шудааст.                        Бояд зикр кард, ки бар асари заминларзаи харобиовари 2 январи соли 2010 дар ноҳияи Ванҷ ба вуқӯъ омада, 500 оила бесарпаноҳ монда, 20 деҳаи ин ноҳия зарар дид. Ҳодисаи табиӣ 28 хонаро тамоман хароб карда, 107 хона дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Инчунин 130 хонаи дигар дар ҳолати қисман садамавӣ аст.                          Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳисороти умумии ҳодисаи табиӣ ба ноҳияи Ванҷ беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Январь 28, 2010 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд