КАШФИ ИҚОМАТГОҲИ 3 ҲАЗОР СУҒДНАЖОД ДАР ПАНҶАКЕНТ
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ноҳияи Панҷакент дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ аз зери чор қабат хок кӯшки мудаввари сеошёнае ёфт гардид, ки мансуб ба қарнҳои 5-8-и мелод будааст. Ин бозёфти беназир аз ҷониби олимони бостоншиноси тоҷику швейтсарӣ, дар мавзеи ёдгории таърихии Дижи Санҷаршоҳ, воқеъ дар 12-километрии шарқи шаҳри Панҷакент, кашф карда шуд. Тавре дар Пажӯҳишгоҳи таърих ва бостону мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, кӯшки мазкур бо санъати меъмории суғдӣ ороиш ёфта, он ба шакли оташкадаи суғдиён бунёд шудааст. Даври ин кӯшк бо нақшҳои ориёӣ ороиш дода шуда, миёни кӯшки бозёфтшуда як қалъаи дидбонгоҳӣ низ мавҷуд аст, ки он аз ҷониби ҳокимони Суғд ва барои корвониёни роҳи абрешим ҳамчун гузаргоҳи гумрукӣ хидмат мекардааст. Гуфтанист, ки ин дижи Санҷаршоҳ якҷо бо кӯшке, ки аз зери чаҳор қабат хок дарётф шудааст, иборат аз куҳандиж, шаҳристон ва оромгоҳ (некропол) буда, дар он тақрибан ҳудуди 3 ҳазор сокинони суғднажод ба сар мебурдаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






