КИҲО БЕҲТАРИН АНДОЗСУПОРАНДАГОНАНД?

Январь 20, 2010 12:55

                 Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун оид ба андозсупорандаи беҳтарини соли 2009 ҷамъбаст гардид.                   Барои муайян намудани андозсупорандаи беҳтарини сол сифатҳои дар мӯҳлати муқарраршуда пешниҳод намудани эъломияҳо ва дигар ҳисоботи андоз, сифати (дурустии) эъломияҳои пешниҳодшуда, ҳиссаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳаҷми умумии даромади солонаи андозсупоранда, сари вақт ва пурра пардохт шудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии ҳисобшуда, нисбат ба соли гузашта бештар ҳисоб шудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба назар гирифта шудан.                    Дар вақти гузоронидани санҷишҳо вобаста ба риояи қoнунгузории андоз маблағҳои ошкоргардида аз меъёрҳои зерин бояд зиёд набошанд;  -барои субъекти соҳибкории хурд-10 ҳазор сомонӣ; — барои субъекти соҳибкории миёна- 30 ҳазор сомонӣ; — барои субъекти соҳибкории калон-100 ҳазор сомонӣ;  Сатҳи дониш ва фарҳанги баланди андозсупории шахсони мансабдор дар рафти обуна ба рӯзномаи «Боҷу хироҷ» низ ба назар гирифта шуд.                     Дар натиҷа ҶСП «Индиго Тоҷикистон», Бонки миллии Тоҷикистон, КММ «Вавилон-Т» ғолиби озмун дониста шуданд.                   Раиси Кумитаи андози назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов ғолибони озмуни Беҳтарин андозсупорандагони сол — ҶСП «Индиго Тоҷикистон», Бонки миллии Тоҷикистон ва КММ «Вавилон-Т»-ро барои дар ин озмуни масъулиятнок ғолиб омаданашон муборакбод карда, ба онҳо тӯҳфаҳои таъсис намудаи Кумитаи андозро супорид.  

Январь 20, 2010 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид