КИШВАРҲОИ ФОРСИЗАБОН НАВРӮЗРО ДАР КУҶО ҶАШН МЕГИРАНД?

Январь 29, 2010 15:18

Душанбе, 29 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҷашни Наврӯзро кишварҳои форсизабон дар соли 2010 дар шаҳри Шерози Эрон истиқбол мекунанд, гуфт зимни нишатси матбуотӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиасғари Шердӯст. Сафир афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар ҷашни Наврӯзи бостон дар Шероз даъват шудааст. Ҳамчунин, дар таҷлили ин ҷашни шукӯҳманди ориёинажодҳо ҳайатҳои баландпояи беш аз 20 кишвари ҷаҳон, ки дар онҳо Наврӯз таҷлил мегардад, иштирок менамоянд. Бояд зикр кард, ки тӯли ду соли охир ҳайатҳои баландпояи се кишвари форсизабон-  Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон Наврӯзро дар Душанбеву Ҳисор ва Мазори Шариф таҷлил намуда буданд. Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардумони ориёинажод аст. Наврӯз рӯзи нав аз Соли нав аст, ки ба аввали фарвардинмоҳ, оғози моҳи ҳамали шамсии ҳиҷрӣ ва 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд  ва таърихи шаш ҳазорсола дорад. Бинобар ривояти достонии  дар «Шоҳнома» овардаи Фирдавсӣ «Наврӯз ҳанӯз  аз замони Каюмарс- нахустин  подшоҳи пешдодӣ маълум буд». Дар даврони давлатдории ҳахоманишиён (асрҳои 6-4 то мелод) ҷашн гирифтани Наврӯз ба расмият даромад ва дар асотири мардумони эронӣ, таҷлили онро ба шоҳ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Шукӯҳу азамати ин ҷашн дар он аст, ки дар соли  2009  ЮНЕСКО  Наврӯзро дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ сабт кард.  

Январь 29, 2010 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад