КОНФРОНСИ БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН ДАР ТУРКИЯ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Кобул, 21 январ. (АМИТ «Ховар» — афғонистон. ру). – Сафири Туркия дар Афғонистон Босета Озтурк зимни мулоқот бо ноиби президенти Афғонистон Муҳаммадкарим Халилӣ изҳор намуд, ки Туркия тайёр аст, охири моҳи январ конфронси байналхалқии бахшида ба Афғонистонро дар шаҳри Истамбул баргузор созад. Сафири Туркия изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории ҳар ду мамлакат дар оянда низ густариш хоҳад ёфт. Вай таъкид кард, ки маъмурияти мамлакаташ тайёр аст, мулоқоти сеюми сарони давлатҳои Туркия, Афғонистон ва Покистонро ташкил намояд. Конфронси байналхалқӣ бахшида ба Афғонистон 24 – 25 январ дар Истамбул баргузор мегардад. Дар он сарони давлатҳои ҳамсояи Афғонистон ва намояндагони мамлакатҳои мададгори он иштирок хоҳанд кард. Хабар дода мешавад, ки мусоҳибон инчунин ҳамкории кишварҳояшонро дар соҳаҳои дин ва фарҳанг мавриди муҳокима қарор доданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






