КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА АФҒОНИСТОН

Январь 28, 2010 15:50

                 Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар Лондон бахшида ба проблемаҳои Афғонистон конфронси байналмилалӣ кушода шуд. Дар он намояндагони қариб 70 мамлакати ҷаҳон иштирок доранд.                    Мавзӯъҳои асосии конфронс оғози ҷараёни ба ихтиёри мақомоти маҳаллии ҳокимият гузоштани назорати вазъият, таъмини амният ва имконияти гузаронидани мусолиҳаи миллӣ дар Афғонистон мебошанд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар конфрос вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Давид Милибенд маърӯза хоҳад кард. Дар маърӯзаи ӯ гуфта мешавад, ки Афғонистон бояд барномаи махсуси сиёсӣ ва стратегии худро таҳия созад. Қайд карда шуд, ки соли 2009 қисмҳои ҳарбии хориҷӣ дар Афғонистон талафоти зиёд доданд. Дар давоми соли гузашта дар ин мамлакат бештар аз 100 нафар хизматчии ҳарбии Британияи Кабир ҳалок шуд.                    Д.Милибенд таъкид намуд, ки дар ҳалли проблемаҳои Афғонистон мамлакатҳои ҳамсояи он, аз ҷумла Тоҷикистон нақши муҳим бозида метавонанд.                     Қайд карда шуд, ки ҳалли проблемаҳои дохилии Афғонистон асосан ба худи афғонҳҳо вобаста мебошад. Онҳо бояд сиёсати ояндаи худро муайян намуда, онро амалӣ созанд ва муносибатҳояшонро бо мамлакатҳои ҳамсоя ба роҳ андозанд. Ҷомеаи ҷаҳон ва созмонҳои байналхалқӣ умедворанд, ки президенти Афғонистон Ҳамид Карзай ваъдаҳояшро иҷро намуда, проблемаи ришвахӯриро ба туфайли тадбирҳои ҷиддӣ ва самарабахш аз байн мебарад.                       Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир ба саҳми Покистон дар ҳалли проблемаҳои Афғонистон диққати асосӣ дод. Вай зикр намуд, ки дастаҳои силоҳбадастон озодона аз Покистон ба Афғонистон мегузаранд. Дарозии сарҳади умумии ҳар ду кишвар қариб 2,5 ҳазор километр мебошад. Бояд гуфт, ки дар ин минтақа терроризм, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи нашъадор хеле авҷ гирифтааст ва мамлакатҳои хамсояи Афғонистон аз ин зарари калон мебинанд. 

Январь 28, 2010 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд