КОНСЕРТ БАРОИ КОРГАРОНИ НБО «РОҒУН»

Январь 26, 2010 14:35

                  Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Театри хусусии Ҳабибулло Абдураззоқов — «Падида» ба консерти калони хайрия тайёрӣ мебинад. Ҳунарпешагони театр барои коргарони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барномаи калони консертӣ тайёр менамоянд.                   Ба барномаи консерт рақсҳои гуногуни мардумӣ, рақсҳои ҳозиразамон, саҳнаҳои эстрадӣ ва ғайра дохил карда шудаанд. Дар қисмати асосии он рақсҳои халқҳои ҷаҳон нишон дода мешавад.                 Директори театр Ҳабибулло Абдураззоқов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамаи маблағи аз намоиши консерт бадастомада ба ҳисоби сохтмони НБО «Роғун» гузаронида хоҳад шуд.                  Мо ба наздикӣ дар саҳнаи Кохи Борбад консерти калон нишон медиҳем. Айни ҳол масъалаҳои ташкилӣ ва техникии гузаронидани он ҳаллу фасл карда мешаванд. Ҳунарпешагони мо қарор додаанд, ки дар оянда ҳам барои сохтмони НБО «Роғун» саҳми худро гузоранд, гуфт Ҳабибулло Абдураззоқов.

Январь 26, 2010 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд