КОНСЕРТ БАРОИ КОРГАРОНИ НБО «РОҒУН»
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Театри хусусии Ҳабибулло Абдураззоқов — «Падида» ба консерти калони хайрия тайёрӣ мебинад. Ҳунарпешагони театр барои коргарони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барномаи калони консертӣ тайёр менамоянд. Ба барномаи консерт рақсҳои гуногуни мардумӣ, рақсҳои ҳозиразамон, саҳнаҳои эстрадӣ ва ғайра дохил карда шудаанд. Дар қисмати асосии он рақсҳои халқҳои ҷаҳон нишон дода мешавад. Директори театр Ҳабибулло Абдураззоқов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳамаи маблағи аз намоиши консерт бадастомада ба ҳисоби сохтмони НБО «Роғун» гузаронида хоҳад шуд. Мо ба наздикӣ дар саҳнаи Кохи Борбад консерти калон нишон медиҳем. Айни ҳол масъалаҳои ташкилӣ ва техникии гузаронидани он ҳаллу фасл карда мешаванд. Ҳунарпешагони мо қарор додаанд, ки дар оянда ҳам барои сохтмони НБО «Роғун» саҳми худро гузоранд, гуфт Ҳабибулло Абдураззоқов.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






