КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Корхонаи фаръии давлатии шаҳри Кӯлоб дар давоми соли сипаригашта ба ташкилоти буҷетию ғайрибуҷетӣ ба маблағи 812,6 ҳазор сомонӣ хизмати коммуналӣ расонидааст, ки ин шумора нисбати соли гузашта 78,4 ҳазор сомонӣ зиёд аст,- гуфт директори корхона Тағоймурод Ҷумъаев. Ӯ афзуд, ки бо ин мақсад корхонаи мазкур ба 215 ташкилоту муассисаҳои давлати ва ғайридавлатӣ шартнома дошта, мувофиқи шартнома амал намуда истодаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ дар тӯли як соли сипаригардида ба миқдори 36 200 метри мукааб партобҳо кашонида шуда, бо маблағгузории ҳукумати шаҳр дар маҳаллаҳои Ш. Шоҳин, Х. Шерозӣ, Борбад ва хиёбони Исмоили Сомонӣ 50 қуттиҳои оҳанин гузошта шудааст. Аз тарафи корхона 7 ҷои кори таъсис дода шуда, 5 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Мавриди зикр аст, ки роҳбарияти корхона ва кормандони он муроҷиатномаи сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба маблағи 25 300 сомонӣ саҳмияҳои НОБ- и Роғунро харидорӣ намуданд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






