КОРМАНДОНИ БОНК САҲМИЯҲОИ НБО «РОҒУН» — РО ХАРИДАНД

Январь 11, 2010 12:46

                Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки кормандони бонк ба суратҳисоби Маркази хазинадории Вазорати молия ва Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 53 ҳазору 719 сомонӣ гузарониданд. Ин маблағ ба суратҳисоби сохтмони НБО «Роғун» гузаронида хоҳад шуд. Илова бар ин, кормандони бонк аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ ба фонди мазкур ба воситаи Ҷамъияти саҳҳомии «Агроинвестбонк» маблағҳои мизоҷони бонкро аз ҷумлаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба маблағи 274 ҳазору 707 сомонӣ гузарониданд. Маблағи умумии гузаронидашуда 328 ҳазору 426 сомониро ташкил медиҳад.                   Зиёда аз 1,5 ҳазор корманди бонк ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ намуда, ба маблағи зиёда аз 2 миллиону 553 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳро харидорӣ кард.                    Кормандону мутахассисони «Агроинвестбонк» ният доранд, ки дар оянда ҳам аз ҳисоби маблағҳои худ ба ҳисоби сохтмони НБО «Роғун» маблағ гузаронида, инчунин саҳмияҳои онро харанд.

Январь 11, 2010 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд