МАҶЛИСИ МИЛЛӢ ШУМОРАИ СУДЯҲОИ СУДИ ОЛИРО МУҚАРРАР НАМУД
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар»,Марзия Саидова).- Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 январ дар иҷлосияи 23-уми палатаи болоии парлумони мамлакат шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардиданд. Масъалаи мазкурро намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина шарҳ дода гуфт, ки муайян намудани шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми дуюми моддаи 25 ва моддаи 70-уми Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқарар намудани шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифтааст. Лоиҳаи мазкур ҷиҳати қабули Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва иҷроиши талаботи барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки дар соли 2010 таъсиси коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва маъмуриро дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Судҳои Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дар назар дорад, таҳия гардидааст. Бо ин мақсад зарурияти ворид намудани 8 воҳиди иловагӣ зиёд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Намояндаи комилҳуқуқи Президенти ҷумҳурӣ дар Маҷлиси Олӣ афзуд, ки бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005-ум теъдоди судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 34 нафар муқарар гардида буд. Бо назардошти ин қарор шумораи мазкур аз нав таҳия гардида, дар маҷмӯъ шумораи судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 42 нафар муқарар карда шуд. Ба андешаи Салимзода Шерхони Одина амалӣ гардидани қарори мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб менамояд, ки он аз ҳисоби буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад. Ворид намудани 8 воҳиди иловагӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таҳкими мақомоти судӣ ва амалӣ намудани ислоҳоти судӣ дар кишвар нигаронида шудааст.