МАМЛАКАТҲОИ ҶАҲОН БА ГАИТИ КӮМАК МЕРАСОНАНД

Январь 14, 2010 10:41

                     Порто — Пренса, 14 январ. (АМИТ «Ховар» — рбк.ру). — Тавре хабар дода шуда буд, 12 январ дар Гаити зилзилаи шадид рух дод, ки бар асари он бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла пойтахти мамлакат ба куллӣ хароб гардиданд. Бисёр мамлакатҳои ҷаҳон баробари расидани хабари фалокат ба расонидани кӯмак оғоз намуданд. Русия, Канада, ИМА ва Чин хабар доданд, ки 14 январ ба расондани кӯмак оғоз хоҳанд кард.                   Аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳида ба ҷазира қариб 2 ҳазор хизматчии ҳарбӣ, инчунин киштиҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳо мефиристад.                     Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия қарор дод, ки як ҳавопаймо ва шифохонаи сайёрро барои расонидани кӯмак ба Гаити фиристад.                      Канада барои расонидани кӯмак ба Ҳукумати Гаити 5 миллион доллари ИМА ҷудо карда, инчунин барои зарардидагон маводи озуқа мефиристад. Комиссияи Аврупо хабар дод, ки барои расонидани кӯмак ба зарардидагон 3 миллион евро ҷудо кардааст. Дар байни мамлакатҳое, ки ба Гаити кӯмак расондан мехоҳанд, Венесуэла, Куба, Мексика, Тайван, Исландия ва дигарон ҳастанд.                       Айни ҳол дар маҳалҳои харобгардидаи Гаити корҳои наҷотдиҳӣ давом доранд. Сарвазири Гаити Жан Макс Белрива зикр намуд, ки шумораи ҳалокшудагон тақрибан ба 100 ҳазор нафар мерасад.                      Аз рӯи хабарҳои расида, дар натиҷаи зилзила 17 корманди СММ ҳалок гардида, 56 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Яке аз ҳалокшудагон намояндаи махсуси СММ дар Гаити Хеди Аннаби мебошад. 

Январь 14, 2010 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд