МАМЛАКАТҲОИ ҶАҲОН БА ГАИТИ КӮМАК МЕРАСОНАНД
Порто — Пренса, 14 январ. (АМИТ «Ховар» — рбк.ру). — Тавре хабар дода шуда буд, 12 январ дар Гаити зилзилаи шадид рух дод, ки бар асари он бисёр шаҳрҳо, аз ҷумла пойтахти мамлакат ба куллӣ хароб гардиданд. Бисёр мамлакатҳои ҷаҳон баробари расидани хабари фалокат ба расонидани кӯмак оғоз намуданд. Русия, Канада, ИМА ва Чин хабар доданд, ки 14 январ ба расондани кӯмак оғоз хоҳанд кард. Аз ҷумла, Иёлоти Муттаҳида ба ҷазира қариб 2 ҳазор хизматчии ҳарбӣ, инчунин киштиҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳо мефиристад. Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия қарор дод, ки як ҳавопаймо ва шифохонаи сайёрро барои расонидани кӯмак ба Гаити фиристад. Канада барои расонидани кӯмак ба Ҳукумати Гаити 5 миллион доллари ИМА ҷудо карда, инчунин барои зарардидагон маводи озуқа мефиристад. Комиссияи Аврупо хабар дод, ки барои расонидани кӯмак ба зарардидагон 3 миллион евро ҷудо кардааст. Дар байни мамлакатҳое, ки ба Гаити кӯмак расондан мехоҳанд, Венесуэла, Куба, Мексика, Тайван, Исландия ва дигарон ҳастанд. Айни ҳол дар маҳалҳои харобгардидаи Гаити корҳои наҷотдиҳӣ давом доранд. Сарвазири Гаити Жан Макс Белрива зикр намуд, ки шумораи ҳалокшудагон тақрибан ба 100 ҳазор нафар мерасад. Аз рӯи хабарҳои расида, дар натиҷаи зилзила 17 корманди СММ ҳалок гардида, 56 нафари дигар маҷрӯҳ шудааст. Яке аз ҳалокшудагон намояндаи махсуси СММ дар Гаити Хеди Аннаби мебошад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






