МАРДУМРО БАРОИ ХАРИДОРИИ САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» ҲАВАСМАНД БОЯД КАРД

Январь 13, 2010 13:41

                  Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) тамоми мардуми шӯравиро ҳисси ватандӯстии комил фаро гирифта буд. Мардуми Шӯравӣ дар баробари ҷигарбандонашонро ба ҷабҳа сафарбар намудан, инчунин дар ақибгоҳ таҳти шиорҳои «Ҳама чиз барои ҷабҳа!», «Ё марг, ё озодӣ» ва амсоли инҳо мубориза мебурданд. Ҷавонон дар майдони ҳарбу зарб ҷонфидоӣ менамуданду пиронсолон дар ақибгоҳ барои ҷанговарон сару либос, озуқа ва истеҳсолотчиён дар корхонаҳо яроқу аслиҳа истеҳсол мекарданд. Ва ҳамаи ин бо амри дилу ифтихори миллӣ ва ҳисси шаҳрвандию ватандорӣ сурат мегирифт. Ана, ҳамин нангу номуси ватандорӣ мардуми шӯравиро ба Ғалаба оварда расонд.                    Инак, боз як давраи нангу номус фаро расидааст. Даъвати Президенти мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон ва Муроҷиатномаи саршори меҳру муҳаббату дилсӯзонаи ӯ ба аҳолии кишвар дар мавриди бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун имрӯз пиру барнои тоҷикистониёнро бо ваҷд овардааст. Воқеан, бунёди ин объекти муҳими аср низ аз ҷабҳа монданӣ надорад. Ҷабҳаи созандагӣ, ҷабҳаи бунёдкорӣ. Ва метавон ин ҷабҳаро ҷабҳаи ҳамдилӣ низ номид. Агар мушоҳида карда бошед, хусусан, рӯзҳои аввали ба муомилот баровардани саҳмияҳо мардуми шиносу ношинос бо якдигар чи хел самимона аз рӯи ҳурмату эҳтироми дилсӯзона муносибат мекарданд. Ин маърака хусусан дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳуриямон ба як иди мӯҳташам табдил ёфта буд. Қариб тамоми мардуми кишвар бо либосҳои идона, шиору овезаҳои даъватӣ, бо ҳавои рақсу садои мусиқӣ ба ин тантана омодагӣ доштанд. Имрӯзҳо дар кӯчаю хиёбон, коргоҳҳо, утоқҳои корӣ, тӯю маъракаҳо сари ҳамин масъала суханронӣ меравад. Ҳама бо дили гарм, ба ояндаи дурахшон умед доранд. Қариб хонадоне нест, ки дар харидорӣ намудани саҳмияҳои НБО Роғун саҳми худро нагузошта бошад.                     Ва боз ҳастанд, ташаббускороне, ки зина ба зина харидорӣ намудани саҳмияҳоро дар назар доранд, ки ин аз дилгармии мардум ба Ватани азиз ва Президенти кишвар шаҳодат медиҳад.                     Вобаста ба ин роҳу воситаҳои дигаре ҳастанд, ки мардумро барои харидорӣ намудани саҳмияҳои НБО Роғун ҳавасманд намоянд. Аз ҷумла ҷавононе, ки ба хизмат даъват мешаванд, метавонанд, хизмати аскариро дар сохтмони НБО Роғун гузаронида, 50 фоизи музди меҳнаташонро барои ҷои хоб, сару либос ва хӯрок сарф намоянду 50 фоизашро саҳмия гиранд.                    Ба ин монанд интизори ба кор даромадани НБО нашуда, метавон саҳмияҳои НБО Роғунро мисли вомбарг (заём) аққалан аз рӯи фоизи нисбатан паст ҳар се моҳ ба бозии бурднок баровард.                    Умуман, барои тезонидани сохтмони Нерӯгоҳ роҳу усулҳои ҳавасмандкунии мардум зиёданд. Чи тавре ки мегӯянд:Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад.                                                 Мирзовалӣ Абдуллозода

Январь 13, 2010 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид