МАРКАЗИ НАВИ ТАЪЛИМӢ

Январь 20, 2010 10:25

                  Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — 19 январ Маркази нави таълимии Донишкадаи такмили маҳорати кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ кушода шуд. Дар маросими кушодашавии марказ муовини аввали сардори хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов, сафири ИМА дар Тоҷикистон Кеннет Гросс, директори донишкада Олимҷон Шомуддинов ва хабарнигорон ширкат варзиданд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Маркази таълимии кормандони хадамоти гумрук бо кӯмаки моддии Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон сохта ва бо асбобу анҷоми зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд. Илова бар ин Сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон ба Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони гумрук як мошини нави даҳҷояи «Газел» тӯҳфа кард.                    Сафири ИМА К.Гросс зикр намуд, ки сафорати мамлакаташ дар Тоҷикистон ба Маркази таълимии Хадамоти гумрук то имрӯз қариб ба маблағи 200 ҳазор доллари ИМА кӯмак расондааст.                     Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони гумрук моҳи марти соли 2001 таъсис ёфта буд. То ин муддат дар ин ҷо бештар аз 1433 корманди хадамоти мазкур маҳорати худро такмил доданд. 

Январь 20, 2010 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд