МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ КОРГАРОНИ МУҲОҶИР

Январь 6, 2010 14:06

                 Душанбе, 6 января. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Роҳбари Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ Сафиаллоҳ Девонаев 4 январ дар Душанбе бо раиси Ҷамъияти форсизабонони шаҳри Торонтои Канада – «Пайванд» Фирӯз Алиёр мулоқот кард.                    Зимни мулоқот масъалаҳои ташкили муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия, инчунин имконияти амалӣ сохтани созишномаи ҳукумати Канада ва Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                    С.Девонаев зикр кард, ки муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити имрӯза яке аз роҳҳои муҳими бо кор таъмин намудани сокинони мамлакат ба шумор меравад. Иҷрои созишнома имкон медиҳад, ки аъзои оилаҳои коргарони муҳоҷир низ ба мамлакатҳои дигар, аз ҷумла ба Канада фиристода шаванд. Раёсати муҳоҷирати ВКД Тоҷикистон ният дорад барои бо кор таъмин намудани коргарони муҳоҷири тоҷик дар мамлакатҳои нисбатан дур, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Аврупо ва ИМА нақшаҳои стратегӣ таҳия намояд, гуфт дар хотима С.Девонаев.

Январь 6, 2010 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад