МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ БО МУОВИНИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ БРИТАНИЯИ КАБИР

Январь 29, 2010 14:52

Душанбе,  29 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис  Бояхмедова). – Вазири  корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  28  январ  дар  Лондон дар  Конфронси  байналхалқии  бахшида ба  проблемаҳои  Афғонистон  сухан  кард. Ӯ пешниҳоди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  дар  бораи  гузаронидани  конфронс  бахшида ба   масъалаҳои   ривоҷ  додани  ҳамкории  минтақавӣ  барои  тараққӣ  додани  иқтисодиёти  Афғонистон  ба  маълумоти   иштирокчиёни конфронс  расонд. Ҳ.Зарифӣ  баъди  фарҷоми  конфронс  бо  муовини   вазири корҳои  хориҷии  Британияи  Кабир  Крис  Брайант  мулоқот  анҷом  дод.  Вай  зимни  сӯҳбат   аҳамияти   маблағгузориро  ба  сохтмони   нерӯгоҳҳои  барқӣ   дар дарёҳои  байни Тоҷикистону  Афғонистон,  истифодаи захираҳои  оби  минтақа,  сохтмони  роҳи оҳан  дар  байни  Тоҷикистону  Туркманистон ба  воситаи  Афғонистон,  сохтмони  роҳҳои  мошингард ва  хати  интиқоли  гази  табий  дар байни  Тоҷикистону  Туркманистон  ба  воситаи  қаламрави  Афғонистон, инчунин  кашидани  хати  интиқоли барқро аз  Тоҷикистон  ба  Афғонистон  таъкид  намуд. Мусоҳибон  инчунин  ба баъзе  масъалаҳои  ҳамкории  Тоҷикистону  Британияи  Кабир  дахл  намуданд.

Январь 29, 2010 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад