МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ САМСУНГ
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 22 январ дар Душанбе бо ҳайати намояндагони ширкати «Самсунг» — и Куриёи Ҷанубӣ мулоқот кард. Намояндагони ширкати мазкур барои шиносоӣ бо шароити сармоягузории ҷумҳурӣ ва ба роҳ андохтани ҳамкорӣ дар иҷрои барномаҳои муштарак ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Ҳамрохон Зарифӣ ба меҳмонон дар бораи вазъи умумии иқтисодиёти мамлакат ва шароити сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни он маълумоти муфассал дод. Қайд карда шуд, ки ҳар ду ҷониб дар соҳаи истифодаи захираҳои табии самарабахш ҳамкорӣ карда метавонанд. Намояндагони ширкати Куриёи Ҷанубӣ аз ҷараёни сафарашон дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор намуданд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷорӣ намудани технологияҳои нави экологӣ манфиатдоранд. Меҳмонон изҳор карданд, ки барномаҳои таъминоти аҳолиро бо оби тоза бо кӯмаки қувваи барқи аз офтоб ҳосилшаванда иҷро карданианд. Вазир пешниҳоди намояндагони ширкатро ҷонибдорӣ карда, зикр намуд, ки ба онҳо ҳамаҷониба кӯмак хоҳад расонд. Намояндагони ширкати Куриёи Ҷанубӣ зимни сафар бо роҳбарону мутахассисони вазоратҳои молия, энергетика ва саноат, инчунин Ширкати алюминии Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом хоҳанд дод.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






