МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ҲУСАЙНИ АНВОРӢ

Январь 13, 2010 17:37

                   13 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарпарасти Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусайни Анвориро ба ҳузур пазируфт.                  Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи хайриявӣ ва фарҳангии давлати дўсту ҳамзабони мо — Эрон баррасӣ шуд.                     Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои фаъолияти 14-солаи Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, барои корҳои зиёди анҷомдодаи он арзи сипос намуд, бахусус барои омўзиши занону духтарон ва таъсиси коргоҳҳои хонагии қолинбофӣ.                      Бо қаноатмандӣ аз таъсиси 10 омўзишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ва кўмакҳои зиёди Кумитаи Имдоди имом Хумайнӣ ба ятимхонаҳо, маъюбон, беморон, донишомўзон ва ғайра, дар баргузорсозии маросими тўйи ҷавонони ятиму камбизоат, мадади фаврӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ, таъмири манзили зисти мададҷўён ва пардохти маблағҳои коркушоӣ ёдоварӣ шуд.                      Ҳамзамон зарурати густариш додани ҳамкорӣ баҳри дастгирии соҳибкорони хурду миёна, аз ҷумла дар бунёди корхонаҳои хурди коркарди ашёи хом, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар корҳои хайру савоб таъкид гардид.                      Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Январь 13, 2010 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид