МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПЕР МОРЕЛ

Январь 14, 2010 14:43

                 14 январи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пер Морелро ба ҳузур пазируфт.                  Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.                  Таваҷҷўҳи асосӣ ба мавзўъҳои вобаста ба раванди демократикунонии ҷомеа, омодагӣ ба интихоботи парлумонии кишвар, ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва масоили ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.                  Таъкид гардид, ки сафари порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия ва мулоқотҳои сершумораш бо намояндагони воломақом ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба ҳамкории ду ҷониб такони ҷиддӣ бахшид.                  Ба таъсири мулоқоти «Тройка» — и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷиии кишвварҳои Осиёи Марказӣ низ, ки соли гузашта бори нахуст дар Тоҷикистон баргузор гашт, баҳои баланд дода шуд.                    Ба гуфти Пер Морел, «Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Бонки сармоягузории Аврупо созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд». Ба иттилои Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва Бонки Бритонӣ низ омодаанд, ки ҳамкории худро бо Тоҷикистон густариш диҳанд.                   Нақшаҳои навсозии нерўгоҳи обии қайроқум ва бунёди як силсила нерўгоҳҳои хурди обӣ аз намунаҳои асосии ҳамкории сармоягузории Иттиҳоди Аврупо ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон арзёбӣ гардид.                    Аз ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дар чаҳорчўби Созишномаи Лиссабон бо 25 кишвари ин қитъа ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори хушнудӣ карда шуд.                     Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли равон Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон, пеш аз ҳама барои беҳсозии низоми нафақа 75 миллион евро кўмак ҷудо хоҳад кард.Пер Морел додани озодӣ ба деҳқононро дар мавриди интихоби кишти зироатҳои дилхоҳ, кам кардани майдони кишти пахта ва ба ин васила кам намудани сарфи обро дар заминҳои корам аз тадбирҳои арзишманди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард.                    Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба масоили бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи ҳамкории минтақавӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба масъалаҳои барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон зоҳир карда шуд.                    Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. 

Январь 14, 2010 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд