МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПЕР МОРЕЛ
14 январи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пер Морелро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи асосӣ ба мавзўъҳои вобаста ба раванди демократикунонии ҷомеа, омодагӣ ба интихоботи парлумонии кишвар, ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, беҳсозии фазои инвеститсионӣ ва масоили ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки сафари порсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюсели Шоҳигарии Белгия ва мулоқотҳои сершумораш бо намояндагони воломақом ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба ҳамкории ду ҷониб такони ҷиддӣ бахшид. Ба таъсири мулоқоти «Тройка» — и Иттиҳоди Аврупо бо вазирони корҳои хориҷиии кишвварҳои Осиёи Марказӣ низ, ки соли гузашта бори нахуст дар Тоҷикистон баргузор гашт, баҳои баланд дода шуд. Ба гуфти Пер Морел, «Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо Бонки сармоягузории Аврупо созишномаи ҳамкорӣ имзо намуд». Ба иттилои Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин Бонки таҷдид ва рушди Аврупо ва Бонки Бритонӣ низ омодаанд, ки ҳамкории худро бо Тоҷикистон густариш диҳанд. Нақшаҳои навсозии нерўгоҳи обии қайроқум ва бунёди як силсила нерўгоҳҳои хурди обӣ аз намунаҳои асосии ҳамкории сармоягузории Иттиҳоди Аврупо ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Аз ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин дар чаҳорчўби Созишномаи Лиссабон бо 25 кишвари ин қитъа ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори хушнудӣ карда шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки соли равон Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии буҷети давлатии Тоҷикистон, пеш аз ҳама барои беҳсозии низоми нафақа 75 миллион евро кўмак ҷудо хоҳад кард.Пер Морел додани озодӣ ба деҳқононро дар мавриди интихоби кишти зироатҳои дилхоҳ, кам кардани майдони кишти пахта ва ба ин васила кам намудани сарфи обро дар заминҳои корам аз тадбирҳои арзишманди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард. Таваҷҷўҳи зиёд ҳамчунин ба масоили бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи ҳамкории минтақавӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ба масъалаҳои барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон зоҳир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






