МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ ҶАМЪИЯТҲОИ ҲИЛОЛИ А&#1202МАРИ ТО&#1206ИКИСТОНУ ЭРОН

Январь 5, 2010 09:45

                 Душанбе, 5 января. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 4 январ дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари расмии президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба Тоҷикистон мулоқоти роҳбарони ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Зафар Муҳаббатов ва Ҳилоли Аҳмари Эрон доктор Саид Масъуд Хотамӣ баргузор гардид.                  Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари ҳар ду мамлакат муҳокима шуданд. Доктор С.Хотамӣ дар бораи муносибатҳои хайрхоҳонаи халқҳои ҳар ду кишвар, забон, дин ва фарҳанги умумии онҳо сухан ронда, изҳор дошт, ки ҷамъиятҳои Ҳилоли Аҳмари ҳар ду кишвар дар асоси ҳамин умумиятҳо самарабахш ҳамкорӣ карда метавонанд.                 Зафар Муҳаббатов зикр кард, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон дар фаъолияти байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мавқеи фаъолона ва пешбар дорад. Бинобарин мо ба равнақу ривоҷи ҳамкорӣ бо ҷамъияти мазкур умедворем. З.Муҳаббатов ба ҳамсӯҳбаташ пешниҳод кард, ки барои густариши ҳамкорӣ дар Тоҷикистон намояндагии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон таъсис дода шавад.

Январь 5, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид