МУЛОҚОТИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН БО ОЛИМОНИ ЧИН
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин 19 январ дар шаҳри Пекин бо олимону коршиносони Пажӯҳишгоҳи Русия, Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин мулоқот кард. Вай зикр намуд, ки Чин аз соли 2005 сар карда, дар масъалаи хариду фурӯши мол бо Тоҷикистон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Қайд карда шуд, ки муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чин аз соли 1993 оғоз ёфтанд. Ҳамон сол маблағи хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду кишвар 8,9 миллион доллари ИМА – ро ташкил дода буд. Соли 2008 маблағи хариду фурӯши мол байни ҳар ду кишвари ҳамсоя аз як миллиард доллар гузашта, ба як миллиарду 680 ҳазор доллари ИМА расид. Ба истилоҳи дигар ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни онҳо дар давоми 16 сол 116 баробар зиёд шудааст. Р.Олимов дар бораи нақшаҳои густариши равобити иқтисодии Тоҷикистону Чин сухан ронда, изҳор намуд, ки ҳар ду мамлакат барои рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи соҳаҳо имкониятҳои фаровон доранд








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






