МУЛОҚОТИ САФИРИ ТОҶИКИСТОН ДАР БЕЛОРУСИЯ БО ДОНИШҶӮЁН
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорусия Қозидавлат Қоимдодов 19 январ бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот кард, ки дар мактабҳои олии ин мамлакат таҳсил мекунанд. Қ.Қоимдодов зимни сӯҳбат дар бораи вазъи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Белорусия, тараққиёти соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ва хусусан гидроэнергетика сухан ронд. Ӯ аҳамияти муроҷиатномаи Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати идома додани сохтмони НБО «Роғун» ва харидани саҳмияҳои он махсус таъкид намуд. Қайд карда шуд, ки баъди ба истифода додани ин нерӯгоҳи бузург масъалаи таъминоти доимии қувваи барқ дар мамлакат пурра ҳал карда мешавад. Донишҷӯёну аспирантҳои тоҷик изҳор намуданд, ки ташаббуси Сардори давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Минск ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки донишҷӯёни тоҷик айни ҳол барои расонидани кӯмак ба сохтмони НБО «Роғун» маблағ ҷамъ меоранд. Сафири Тоҷикистон инчунин бо соҳибкорону тоҷирони тоҷикистонӣ мулоқотҳо анҷом дод, ки дар Белорусия кору зиндагӣ мекунанд. Онҳо низ изҳор карданд, ки ташаббуси сарвари давлатро дастгирӣ намуда, дар сохтмони НБО «Роғун» саҳм мегузоранд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






