МУЛОҚОТИ САРВАЗИР БО САФИРИ ФАРОНСА

Январь 11, 2010 12:29

                  Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 9 январ дар ҷараёни мулоқоти сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани масъалаи тезонидани суръати сохтмони терминали қабули мусофирон дар майдони ҳавоии байналхалқии Душанбе муҳокима карда шуданд. Таъкид шуд, ки сохтмони терминал бояд то ҷашни 20 – солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад.                     Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ширкатҳои сохтмонии «Алфа айрпорт» ва «Софема груп» — и Фаронса ба сохтмони терминали нави байналхалқӣ дар майдони ҳавоии Душанбе машғуланд. Тибқи нақша масоҳати умумии терминали нав 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар як соат то 500 мусофирро қабул карда метавонад. Барои сохтмони терминал 27,5 миллион евро сарф карда мешавад, 20 миллион евроро бо ин мақсад Фаронса ва 7,5 миллион евроро Ҳукумати Тоҷикистон ҷудо хоҳанд кард.                     Сарвазири Тоҷикистон ва дипломати фаронсавӣ инчунин масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориро дар соҳаҳои мавриди истифода қарор додани технологияҳои нав, гидроэнергетика, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва ташкили корхонаҳои муштарак муҳокима намуданд.

Январь 11, 2010 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд