МУЛОҚОТИ САРВАЗИР БО САФИРИ ФАРОНСА
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). – 9 январ дар ҷараёни мулоқоти сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо сафири фавқулодда ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани масъалаи тезонидани суръати сохтмони терминали қабули мусофирон дар майдони ҳавоии байналхалқии Душанбе муҳокима карда шуданд. Таъкид шуд, ки сохтмони терминал бояд то ҷашни 20 – солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ширкатҳои сохтмонии «Алфа айрпорт» ва «Софема груп» — и Фаронса ба сохтмони терминали нави байналхалқӣ дар майдони ҳавоии Душанбе машғуланд. Тибқи нақша масоҳати умумии терминали нав 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, дар як соат то 500 мусофирро қабул карда метавонад. Барои сохтмони терминал 27,5 миллион евро сарф карда мешавад, 20 миллион евроро бо ин мақсад Фаронса ва 7,5 миллион евроро Ҳукумати Тоҷикистон ҷудо хоҳанд кард. Сарвазири Тоҷикистон ва дипломати фаронсавӣ инчунин масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориро дар соҳаҳои мавриди истифода қарор додани технологияҳои нав, гидроэнергетика, кишоварзӣ, илму фарҳанг ва ташкили корхонаҳои муштарак муҳокима намуданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






