МУЛОҚОТИ МУОВИНИ АВВАЛИ ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ РУСИЯ БО САФИРОНИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ
Маскав, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Денисов дирӯз, 20 январ бо сафирони баъзе давлатҳои ИДМ мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тайёрӣ ба ҷашни 65 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳокима карда шуданд. Иштирокчиёни мулоқот тадбирҳоеро мавриди баррасӣ қарор доданд, ки мувофиқи қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ «Дар бораи медали ягонаи идонаи «65 – солагии Ғалаба дар ҶБВ – солҳои 1941 – 45» гузаронида мешаванд. Қарори мазкур моҳи октябри соли 2008 дар шаҳри Бишкек имзо шуда буд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






