МУРОҶИАТИ МУСТАҚИМИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

Январь 4, 2010 15:40

                Душанбе, 4 января. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 5 январ, соати 19 – 00 ба воситаи ҳамаи шабакаҳои телевизионии давлатии ҷумҳурӣ мустақиман ба халқи мамлакат муроҷиат хоҳад кард.                 Мавзӯи асосии муроҷиати телевизионии Сардори давлат идомаи сохтмони НБО «Роғун» ва тақдири минбаъдаи ин иншооти бузурги стратегии мамлакат мебошад. Зеро таъмини истиқлолияти ояндаи энергетикии Тоҷикистон ба сохтмони ҳамин иншоот вобаста аст.                   Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти воқеии сохтмони НБО «Роғун» — ро 4 декабри соли 2009 дар маҷлиси ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятии мамлакат шарҳу тавзеҳ дода, ва таъкид карда буд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ саҳмияҳои он ба фурӯш бароварда мешаванд. Саҳмияҳои нерӯгоҳ ба маблағи 6 миллиард сомонӣ (қариб 1,37 миллиард доллари ИМА) бо қимати 100, 500, 1000 ва 5000 сомонӣ аз 6 январ сар карда, дар шӯъбаҳои Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ба фурӯш бароварда мешаванд. Ба корхонаю муассисаҳо ва шахсони алоҳида, ки саҳмияҳои нерӯгоҳро ба маблағи бештар аз 5000 сомонӣ харидаанд, сертификати махсус дода хоҳад шуд. Дар сертификат номи дорандаи он зикр карда мешавад.

Январь 4, 2010 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таъмини амнияти долонҳои энергетикӣ-нақлиётӣ ва таъсири он ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ конфронс доир шуд
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Бо ZET-MOBILE миллионер шавед!
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид