МУРОҶИАТНОМАИ СОЗМОНҲОИ ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИКИСТОН

Январь 20, 2010 15:20

                 Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар»). – Иттифоқи журналистон ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммавии мустақили Тоҷикистон вобаста ба муноқишаи идомаёфтаистодаи Агентии «Тоҷикстандарт» ва ҳафтаномаи «Пайкон» изҳори ташвиш менамоянд. Онҳо мақомоти судро даъват мекунанд, ки нисбати нашрияҳои хусусӣ, аз ҷумла ҳафтаномаи «Пайкон» чораҳои ҷазодиҳӣ наандешида, сабаби муфлис шудан ва барҳам хӯрдани ҳафтаномаи мазкур нагарданд. АМИТ «Ховар» матни муроҷиатномаи созмонҳои журналистии Тоҷикистонро пешкаши хонандагон мегардонад.                     «Тавре ки маълум аст, суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 26 октябри соли 2009 даъвои Агентии «Тоҷикстандарт» — ро нисбати ҳафтаномаи «Пайкон» дар бораи ҳимояи шаъну шараф, обрӯю эътибор ва фаъолияти самарабахши агентӣ мавриди муҳокима қарор дода, ҳукм баровард, ки аз ҳафтанома ба фоидаи агентӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ (қариб 69 ҳазор доллари ИМА) зарари маънавӣ рӯёнда шавад. Мурофиаи суд дар ин масъала вобаста ба чопи мактуби кушоди гурӯҳи соҳибкорон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.                      Таҳлили қазия нишон медиҳад, ки идораи ҳафтаномаи «Пайкон», дар ҳақиқат муроҷиатномаи мазкурро чоп карда, ба хато роҳ додааст. Вале ҳафтанома барои ислоҳ кардани вазъияти ба амал омада кӯшиш ба харҷ дода, ҷавоби роҳбарияти «Тоҷикстандарт» — ро чоп кард ва инчунин аз роҳбарияти «Тоҷикстандарт» узр хост.                        Мувофиқи меъёрҳои байналхалқӣ, мафҳумҳои шаъну шараф ва обрӯю эътибор танҳо ба симоҳои воқеӣ хос буда, фаъолияти самарабахш нисбати субъектҳои соҳибкорӣ ва тиҷорат истифода бурда мешавад.                        Вале, суд меёрҳои мазкурро танҳо нисбати агентии «Тоҷикстандарт» истифода бурда, нисбати идораи ҳафтаномаи «Пайкон» ғайриодилона рафтор кардааст. Тавре ки маълум аст, «Тоҷикстандарт» мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад. Бо вуҷуди ин, кормандони соҳаи ҳуқуқ чунин мешуморанд, ки истифодаи меъёрҳои ҳимояи шаъну шараф ва обрӯю эътибор, инчунин фаъолияти самарабахши тиҷоратиро нисбати «Тоҷикстандарт» истифода бурдан мумкин нест.                        Бинобар ин, Иттифоқи журналистон ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон мақомоти судии дараҷаи шикоятӣ ва назоратиро даъват менамоянд, ки нисбати ҳафтаномаи «Пайкон» меъёрҳои байналхалқиро истифода баранд. Зеро онҳо нисбат ба қонунгузории миллӣ афзалият доранд.                      Мо боварии комил дорем, ки андешидани чораҳои ҷазо нисбати воситаҳои ахбори оммавӣ набояд ба муфлисӣ ва баста шудани онҳо сабаб гардад».  Раиси Иттифоқи журналистон  А.Сатторов  Раиси Анҷумани миллии   воситаҳои ахбори оммавии Тоҷикистон  Н.Қаршибоев

Январь 20, 2010 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд