МУСОБИҚАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ БОКС ДАР ҚИРҒИЗИСТОН
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Аз 27 то 31 январи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон — шаҳри Бишкек барои поси хотири варзишгари машҳури қирғиз Дуйшенқул Шопоков мусобиқаи байналхалқӣ баргузор мегардад. Дар он аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Муғулистон, Чин ва Тоҷикистон қариб 114 варзишгар иштирок менамояд. Дар мусобиқа танҳо аз Қирғизистон 130 нафар ширкат хоҳад варзид. Дар мусобиқаи мазкур намояндаи Тоҷикистон Меҳроҷиддин Каримов низ иштирок хоҳад кард, ки соли 2009 дар бисёр мусобиқаҳои минтақавию байналхалқӣ иштирок намуда, натиҷаҳои хуб ба даст овардааст. М.Каримов 17 сола буда, вазнаш 115 килограмм ва дарозии қадаш ду метру 18 сантиметр мебошад. Вай моҳи августи соли равон дар бозиҳои нахустини олимпии наврасон иштирок хоҳад кард, ки дар Сингапур баргузор мегарданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






