МУСОБИҚАИ БАЙНАЛХАЛҚИИ БОКС ДАР ҚИРҒИЗИСТОН

Январь 25, 2010 07:55

                 Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Аз 27 то 31 январи соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Қирғизистон — шаҳри Бишкек барои поси хотири варзишгари машҳури қирғиз Дуйшенқул Шопоков мусобиқаи байналхалқӣ баргузор мегардад. Дар он аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Муғулистон, Чин ва Тоҷикистон қариб 114 варзишгар иштирок менамояд. Дар мусобиқа танҳо аз Қирғизистон 130 нафар ширкат хоҳад варзид.                    Дар мусобиқаи мазкур намояндаи Тоҷикистон Меҳроҷиддин Каримов низ иштирок хоҳад кард, ки соли 2009 дар бисёр мусобиқаҳои минтақавию байналхалқӣ иштирок намуда, натиҷаҳои хуб ба даст овардааст. М.Каримов 17 сола буда, вазнаш 115 килограмм ва дарозии қадаш ду метру 18 сантиметр мебошад. Вай моҳи августи соли равон дар бозиҳои нахустини олимпии наврасон иштирок хоҳад кард, ки дар Сингапур баргузор мегарданд.

Январь 25, 2010 07:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид