НАРХҲО ДАР СОЛИ 2009 БОЛО РАФТАНД
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар соли 2009 нархи маҳсулоти хӯрокворӣ боло рафт. Аз авали соли 2009 аз ҳама бештар нархи себ – 58,2 фоиз, шакар – 56,9, намаки майда – 29,6, тухм – 25-30, карам – 24,8, нахӯд -16,5, чой -12,5, маҳсулоти ширӣ — 13,7, моҳии зинда – 14 – 16 фоиз, қаймоқ ва шарбатҳои меваю сабзавот – 8,6, гӯшти гов – 4,6, гӯшти гӯсфанд – 4,3 ва маҳсулоти макаронӣ 3,1 фоиз баланд гардид. Зимнан, нархи бехпиёз – 56,5 фоиз, сабзӣ — 9,1, орди навъи 1- ум – 5, 8 фоиз арзон шуд. Он чиз боиси нигаронии мардум аст, ки бо вуҷуди зиёд истеҳсол гардидани гандуми ватанӣ нархи нон дар дӯкону бозорҳо бо баҳонаи боло рафтани нархи сӯзишворӣ паст нашуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






