НАТИҶАИ РӮЗИ АВВАЛИ ФУРӮШИ САҲМИЯҲО
Хуҷанд, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Тавре ки хабар дода шуда буд, маъракаи фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии «Роғун» дар вилояти Суғд тамоми рӯзи 6 январ муташаккилона давом кард. Дар оғози маърака кормандони Раёсати умумии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ва кормандони Комиссияи вилоятии ташхиси тиббӣ ба маблағи бештар аз 50 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро хариданд. Сардори раёсати мазкур Нуринисо Комилова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки кормандони раёсат дар оянда низ саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро харида, дар сохтмони ин иншооти бузург саҳм мегузоранд. Мо, кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба хубӣ дарк мекунем, ки мавҷудияти қувваи барқ ба беҳтар гардидани шароити зиндагии маъюбон, одамони солхӯрда, беморон ва оилаҳои камбизоат чӣ қадар аҳамияти калон дорад. Аз ситоди вилоятии дастгирии сохтмони НБО «Роғун» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дирӯз, 6 январ дар вилояти Суғд ба маблағи бештар аз 20,6 миллион сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳ фурӯхта шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






