НАТИҶАИ РӮЗИ АВВАЛИ ФУРӮШИ САҲМИЯҲО

Январь 7, 2010 09:58

                 Хуҷанд, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Тавре ки хабар дода шуда буд, маъракаи фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии «Роғун» дар вилояти Суғд тамоми рӯзи 6 январ муташаккилона давом кард. Дар оғози маърака кормандони Раёсати умумии ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ва кормандони Комиссияи вилоятии ташхиси тиббӣ ба маблағи бештар аз 50 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро хариданд. Сардори раёсати мазкур Нуринисо Комилова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки кормандони раёсат дар оянда низ саҳмияҳои НБО «Роғун» — ро харида, дар сохтмони ин иншооти бузург саҳм мегузоранд. Мо, кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба хубӣ дарк мекунем, ки мавҷудияти қувваи барқ ба беҳтар гардидани шароити зиндагии маъюбон, одамони солхӯрда, беморон ва оилаҳои камбизоат чӣ қадар аҳамияти калон дорад.                   Аз ситоди вилоятии дастгирии сохтмони НБО «Роғун» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дирӯз, 6 январ дар вилояти Суғд ба маблағи бештар аз 20,6 миллион сомонӣ саҳмияҳои нерӯгоҳ фурӯхта шуд. 

Январь 7, 2010 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид